Хуш омадед ба сомонаи мо!

  • Ҷои кори холӣ Ихтисос;
  • Феҳристи ШДБХ Руйхат;
  • Қонунгузорӣ Стандартҳо;
  • Тендерҳо Руйхат;
  • Алоқа бо мо Алоқа бо мо

Шарикии Давлат ва Бахши Хусуси дар Тоҷикистон

Аз таваҷҷуҳи Шумо ба сомонаи Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» ва хоҳиши шиносоҳ бо механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон сипосгузорам.

Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ  барои Тоҷикистон падидаи нави ҷалби сармоя ба инфрасохтор ва хизматрасониҳои иҷтимоии таҳти идораи давлат қарордошта мебошад ва давлат барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҷалби бахши хусусӣ дар амалӣ намудани лоиҳаҳо тавассути шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳавасманд мебошад.

Бинобар ин, давлат заминаи ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ, фазои устувори сиёсӣ ва сармоягузориро ҷиҳати татбиқи самараноки механизми шарикӣ дар мамлакат фароҳам овардааст.

Ҳадаф аз ҷорӣ намудани механизми шарикӣ ин таъмини аҳолӣ ба инфрасохтор ва хизматрасониҳои замонавӣ ва дастрас мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи сиёсати фаъол баҳри беҳдошти сатҳи зисти аҳолӣ ва таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ чораҳои зарурӣ ва самаранок меандешад.


Хабарҳи мо

Семинари омӯзишӣ “Дар мавзӯи баланд бардоштани иқтидори шарикии давлат ва бахши хусусӣ”

09.05.2017
Санаи 8-уми майи соли 2017 дар бинои Кумитаи давлатии саромоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикстон семинари омӯзишӣ “Дар мавзӯи баланд бардоштани иқтидори шарикии давлат ва бахши хусусӣ” баргузор карда шуд.

Ҷаласаи ҳаштуми Шўро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

06.05.2017
Санаи 6-уми майи соли 2017 дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раёсати Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раиси Шўро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҳаштуми Шўро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ баргузор гардид.

Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ

01.03.2017
Санаи 28 феврали соли 2017 дар толори диссертатсионии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Самтҳои афзалиятноки шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.